- афшонидан
- [افشاندن // افشانيدن]1. пошидан, чошидан2. ларзон(и)дан, ҷунбон(и)дан; пушт афшондан пушт ларзондан, пушт ҷунбондан, пушт дарҳам кашидан3. барои чангу хоки чизеро равондан онро сахт такон додан, шиппондан4. нисор кардан, рехтан5. нақшу нигор кардан, нақш ниҳодан; бол афшондан бол задан; гулӯ афшондан сулфидан; даст афшондан а) даст ҷунбондан (барои хайрухуш кардан); б) маҷ. изҳори норизогӣ кардан, қаҳру ранҷиш зоҳир намудан (бо ҳаракати хоси даст); доман афшондан а) доман шиппондан; б) маҷ. чизеро тарк карда рафтан, аз чизе умеди худро канда рафтан; кисаро афшондан кисаро холӣ кардан◊ даст афшондану по кӯфтан рақсидан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.